Обама доктор Абдуллоҳро ба азсаргирии музокирот бо Аҳмадзай даъват кард
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе зимни як суҳбати телефонӣ бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ӯро ба худдорӣ аз эълони ҳукумат даъват кардааст.
Баъди он ки Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, натоиҷи раъйдиҳиро то як ҳафтаи дигар эълон мекунад, тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ бо раҳбарии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раванди гуфтушунидро таҳрим карда, иштирок дар ҳукумати ваҳдати миллиро рад намуд. Доктор Абдуллоҳ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, баъди зуҳри рӯзи якшанбе ҳукумати алтернативӣ ташкил хоҳад кард.
Дафтари матбуоти доктор Абдулоҳ мегӯяд, Барак Обама аз ӯ хоҳиш кардааст, аз ин тасмими худ даст бикашад. Раиси ҷумҳури ИМА ҳамчунин аз ҷаноби Абдуллоҳ хоста, то бори дигар бо рақибаш - Ашрафа Ғанӣ Аҳмадзай сари мизи гуфтушунид биншинад. Интизор меравад, ин гуфтугӯ, имрӯз (8 сентябр) дар шаҳри Кобул сурат бигирад.