Эмомалӣ Раҳмон: Истиқлолияти энергетикӣ масъалаи ҳаёту мамот аст
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми телевизионӣ ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти ҷумҳурӣ истиқлолияти энергетикиро барои кишвар ва рушди он сарнавиштсоз хонда, вайро “масъалаи ҳаёту мамот” гуфт.
Раиси ҷумҳур афзуд, “дар муддати 23 соли истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузоранд. Президент таъкид намуд, ки “бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон, бо ҳиммати баланду эҳсоси гарми ватанпарастиаш ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии ҳамин мардуми шарифу сарбаланд дар солҳои наздиктарин ҳама гуна душвориҳои рӯзгорамонро бартараф мекунем, нақшаҳои бузург ва ниятҳои тақдирсози оғозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои ҳар сокини мамлакат зиндагии аз имрӯза беҳтару сазоворро фароҳам меорем”.