ВИДЕО: Шикоят аз рангу бори бемавриди роҳҳои пойтахт ва “пробка”
Як корбари “Озодагон” бо ирсоли навори видеоии кутоҳе аз рангу бор шудани бархе нуқтаҳои роҳҳои шаҳри Душанбе рӯзона ва дар соатҳое, ки бештари мардум ба маҳалли кори худ мераванд, шикоят кардааст.
Ин корбар аз худ Раҳмоналӣ Мирмуҳаммадов ном бурда, дар шарҳи навораш навиштааст, “пропка”-и роҳҳои пойтахт ва роҳбандии мақомот ҳангоми сафарашон ба ин ё он нуқтаи шаҳру навоҳии кишвар бас нест, ки боз ин роҳсозонаш “ғам” медиҳанд. Албатта, кори эшон сутуданӣ аст, ки барои таъмини амнияти мо шаҳрвандон дар роҳҳо ин корҳоро анҷом медиҳанд, вале магар соати 8-и субҳ, замоне ки сокинон ба маҳалли кори худ шитоб доранд, вақти рангу бори роҳҳо аст?”
Ба навиштаи Мирмуҳаммадов, ин навор дар ноҳияи Шоҳмансур минтақаи маъруф ба “Жилмасив” субҳи 6 сентябр тахминан соатҳои 8 бардошта шудааст.
Дар гузашта ҳам бархе сокинони пойтахт аз таъмири роҳҳо дар вақту соате, ки одамон ба коргоҳашон мераванд, шикоят карда буданд. “Озодагон” гузориши тасвирие ҳам дар ин замина дошт, ки инҷо метавонед бубинед.