Даъвати муфтӣ барои қадрдонии Раҳмон дар арафаи ҷашни Истиқлол
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми сентябр зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз намозгузорон хост, ношукрӣ накунанд ва хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишварро қадр кунанд.
Абдулқодирзода, ки дар бораи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳарф мезад, гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дубора ҳукмфармо шудани сулҳу субот дар кишвар ҷони худро ба хатар гузошта, мардуми муҳоҷирро аз зери тиру тӯп ба Ватан баргардондааст.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ таъкид кард, “ҳеч ҷои муболиға надорад, ин ҳақиқат аст, ки сарвари давлат зери тамоми хавфу хатарҳо рафт, то ин оромиро ба вуҷуд орад. Бо кӯмаки Парвардигор, маҳз ҳамин шахс сабаб шуду ин ваҳдати миллӣ ва оромӣ дубора дар кишвар насибу рӯзӣ гашт.”
Ӯ дар идома аз сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои нооромии Тоҷикистон ёдоварӣ карда, аз сокинон даъват кард, ки ба хотири ҳифзи суботи кишвар бетараф набошанд, чун ин оромӣ дар пайи ҷонбозиҳои ин ҷавонмардон ба даст омадааст: “Вақте бори аввал ба шаҳри Кобул мерафт, миёни ду ҳизби исломӣ тиру тӯп меборид, аммо ба хотири мардуми ин кишвару ин мусулмонҳо зери ин тӯпу тир рафту мардумро аз зери тир ба Ватан баргардонд.”
Абдулқодирзода вазъияти кунунии Афғонистонро ба намозгузорон мисол оварда гуфт, “мо ҳамеша дуо мекунем, ки кишвари ҳамсояи моро оромӣ фаро гирад, аммо мутаассифона, дар ин кишвар то ҳол нооромӣ асту ваҳдати миллии мо пойбарҷо мебошад.”
Ин даъвати муфтӣ дар арафаи 23-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон садо дод, ки 9-уми сентябр таҷлил мегардад.