Дар Русия бино бар сабаби суқути ҳавопаймо ва марги 43 нафар 3 рӯз мотам эълон карда шуд.
Сергей Вахруков, волии вилояти Ярославл ба ҷамъи хабанигорон гуфт, «Ҳар як сокини вилоят дастаи худро дӯст медошт ва ҳар нафар мехоҳад дар маросими видоъ бо бозингарон ширкат биварзад. Агар ақрабои онҳо розӣ бошанд, мо маросими видоъро дар майдони чавгонбозӣ ташкил карданием, то ҳар нафари хоҳишманд тавонад барои охирин бор дидори бозингарони дӯстоштаашро бубинад ва бо онҳо видоъ кунад».
Ёдовар мешавем, тайёраи Як-42, ки 35 нафар чавгонбозони дастаи «Локомотив»-и Ярославлро барои бозии Байниқитъавии чавгони рӯи ях ба Минск, пойтахти Белорус мебурд, дар аввали парвоз дар болои вилояти Ярослав, 2,5 км дуртар аз фурудгоҳ баъд аз зуҳри дирӯз суқут карда, ба дарё афтид. Бар асари ин фоҷеа 35 бозингар ва 8 сарнишини тайёра фавтида, 1 бозингар ва 1 сарнишин дар ҳолати вазнин қарор доранд.{jathumbnail off}