Раиси барканоршудаи демократҳо: Дар интихобот иштирок мекунам
Масъуд Собиров, раиси барканоршудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, тариқи худпешбарӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ширкат мекунад.
Собиров ин нуқтаро дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошта таъкид намуд, ки дар интихобот аз номи Ҳизби демократ ширкат намекунад ва нияти бозгаштан ба раёсати ҳизбро надорад: “Боварӣ дорам, ки як табаддулоте боз дар дохили ҳизб мешавад ва бовар надорам, ки ин ҳизб то охир дар ин шакл фаъолият кунад”.
Ӯ дар шарҳи тасмимаш дар бораи барнагаштан ба раёсати ҲДТ афзуд, “як нафар 5-6 сол раҳбарӣ мекунад, бигзор раҳбари нав масъулиятро ба душ гирад”. Собиров таъкид кард, бо вуҷуди барканорияш варақаи ҳизбӣ ва шаҳодатномаю ойинномаи ҳизбро дар даст дорад: “Ҳуҷҷате, ки ба раёсати нави ҳизб додаанд, комилан ғайриқонунӣ мебошад, зеро нусхаи аслии шаҳодатномаи ҳизб дар дасти ман аст”.
Наздики ду сол қабл дар пайи як анҷумани ғайринавбатӣ, ки мубтакири баргузориаш Саидҷаъфар Исмонов, раиси имрӯзии Ҳизби демократи Тоҷикистон буд, Масъуд Собиров аз вазифаи раҳбарии ҳизб барканор гардид. Ҷаноби Собиров барканориаш аз раёсати ҳизби демократро ғайриқонунӣ унвон кард.