Барномаҳои "антинаҳзатӣ" ба шабакаҳои маҳаллӣ кӯч мебанданд?
Бархе аз шабакаҳои телевизиони маҳаллии шаҳру навоҳии Тоҷикистон низ ба намоиши барномаҳои “антинаҳзатӣ” пардохтаанд.
Сино Ҳасанзода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакент мегӯяд, мақомот бо намоиши як барнома тавассути телевизиони маҳаллӣ аз бадахлоқии як имоми масҷиди минтақа иттилоъ дода, ӯро узви ҲНИТ хондаанд. Ҳасанзода мегӯяд, “шоми 3 сентябр телевизиони маҳаллии ноҳияи Панҷакент барномаеро ба намоиш гузошт, ки дар он аз бадахлоқии Ҳабибулло Гулов, имоми масҷиди деҳаи Пании ҷамоати Шинги ноҳия қисса шуда, ӯ аъзои ҲНИТ муаррифӣ гардид.” Дар ҳоле ки ба гуфтаи Сино Ҳасанзода, Гулов ҳеч гоҳ узви ҳизби онҳо набуд.
Дар мавриди бадахлоқии Ҳабибулло Гулов 18 августи соли равон шабакаҳои сартосарии телевизиони Тоҷикистон барномаи вижае пахш карда буданд.