Ироқу Пентагон: "Халифа"-и замон ҳанӯз зинда аст
Вазорати дифои Ироқ хабари кушта шудани Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони "Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом"-ро, ки худро халифаи мусалмонҳо эълон кард, рад кардааст.
Хабаргузории “Ал-Арабия” бо такя ба Вазорати дифои Ироқ навиштааст, се тан аз аъзои аршади гуруҳи террористии ДИИШ дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико ҳадаф қарор гирифтанд.
Ин ҳамлаи ҳавоӣ дар маққари ДИИШ, воқеъ дар шаҳри Мосул ба вуқӯъ пайваста, мунҷар ба куштани шудани Абу Ҳаҷар Суфӣ, ёвари Абубакри Бағдодӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳо аз ҳалокати худи Бағдодӣ дар пайи ин ҳамлаҳо хабар дода буданд. Дар ҳамин ҳол, Пентагон низ бо пахши як изҳорот кушта шудани раҳбари ДИИШро такзиб кардааст.