Мусодираи 4558 телефони қочоқӣ аз тоҷирони чинӣ дар "Корвон"
Хадамоти гумруки Тоҷикистон алайҳи ду тоҷири чинӣ - Чен Мингксинг ва Лин Ру бо иттиҳоми қочоқи телефони мобилӣ ба кишвар парванда боз кардааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи гузаронидани як амалиёт дар бозори Корвони шаҳри Душанбе аз нуқтаҳои савдои марбут ба ин шаҳрвандони Чин 4 ҳазору 558 телефони мобилӣ мусодира шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрвандони Чин телефонҳои мобилии мазкурро ғайриқонунӣ бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид карда, ба фурӯш баровардаанд. Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шарҳи ин иттилои худ навиштааст, ҳоло алайҳи Чен Мингксинг ва Лин Ру парвандаи маъмурӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.