Равоншинос Олга Маховская ба ин сомона гуфтааст, аксари духтарони рус баъди шиносоӣ бо мардони мусулмон ба Ислом таваҷҷӯҳ мекунанд ва баъди қойил шуданашаон ба бартарии ин дин ва ба хотири марди дӯстоштаву меҳрубонашон ба он мегараванд. Дар натиҷа як оилаи хушбахте ташаккул меёбад. Воқеан, дар ҳаёти феълии мо, махсусан дар кишварҳои мутараққӣ ақди никоҳи намояндагони миллатҳои гуногун на ин ки қабул аст, балки он як қисмати ҳаёти муосири мо гаштааст. Ин далел тасдиқи худро дар тамоми улуми ҷаҳонӣ пайдо кардааст, гуфтааст Олга Маховская.
Никоҳҳои омехта ба ҳеч ваҷҳ таҳқири номусу шараф ва ифтихори миллии ҳеҷ як узви оила наметавонад бошад, баръакс, он барои ғанӣ гаштани дороии оилавӣ ва тавлиди фарзанди солим мусоидат мекунад, хулоса кардааст равоншинос.{jathumbnail off}