Кабирӣ: Родикалҳои дунявӣ ҷавононро ба самти ифротгароӣ мебарад
Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон аз ин ҳизб аз фаъолшавии гуруҳҳои ифротгаро дар минтақа ҳушдор дода гуфтааст, ҳукуматҳо бо саркӯби неруҳои муътадили исломӣ роҳро барои тундгароён боз хоҳанд кард.
Раиси ҲНИТ рӯзи 4 сентябр дар пайи як ҷаласаи ҳизбияш гуфтааст, шароити бади иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии минтақа ба паҳншавии андешаҳои гуруҳҳои ифротӣ суръат мебахшад, ки бисёриҳо аз он дар ғафлат мемонанд. Муҳиддин Кабирӣ аз суръати гаравиши ҷавонон ба саффи гуруҳҳои ифротгаро нигаронӣ карда, бетаваҷҷуҳии ҳукуматдорон ба ояндаи миллатҳои худро дар минтақа ташвишовар хондааст: “Мутаассифона, ҳукуматҳои минтақа ояндаи миллатҳо ва минтақаро дуруст таҳлил накарда, ҳоло муборизаро алайҳи нирӯҳои муътадил пеш гирифтаанду Исломро дар маҷмуъ ҳадаф қарор додаанд. Ин ҳукуматҳо бо саркуб ва тазъиф кардани нирӯҳои демократӣ ва муътадили исломӣ заминаро барои пайдоиш ва рушди гурӯҳҳои тундрав муҳайё карда истодаанд, ки оқибати ин корҳояшон барои миллат ва кишварҳои минтака таассуфбор хоҳад буд."
Ӯ дар идома аз раҳбари Шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ хостааст, барои ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонони тоҷик ба неруҳои ифротгаро чораандешӣ намуда, роҳҳои берун овардани насли наврас аз вазъияти дилсардию маъюсиро пайдо кунад. “Вазифаи мову Шумо, бахусус Шӯъбаи ҷавонон ин аст, ки ҳамзамон бо ҷалби чавонон ба равандҳои демократӣ ва қонунӣ, мисли маъракаи интихоботии дар пеш истода, боз барои дарозмуддат роҳҳои пешгирӣ кардан аз рушди ифротгароии динӣ ва дунявиро пайдо кунем. Вақте мо дар бораи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ суҳбат мекунем, набояд фаромуш кард, ки як бахши пайдоиши тундгароии динӣ родикалҳои дунявӣ ҳастанд, ки бо иқдомҳои носанҷида ва ифротгароёнаи худ вокуниши тарафи дигарро ба вуҷуд меорад ва ҷавононро ба самти ифротгароӣ савқ медиҳанд”,- афзудааст Муҳиддин Кабирӣ.