Аксҳои нави Шабнам дар Фейсбук: бо руймол ва бе ҳиҷоб
Шабнами Сурайё, хонандаи маъруфи тоҷик, ки ахиран аз зиёрати Хонаи Худо баргашт, чанд акси нави худро дар саҳифаи Фейсбукаш нашр кардааст.
Ба фарқ аз суратҳое, ки замони дар Арабистон будани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуд, бо руймол намудор аст. Зоҳиран, ин аксҳо низ дар кишварҳои арабӣ бардошта шудааст.
Дар чанд акс, ки ҳангоми зиёрати Хонаи Худо аз Шабнам дастрас буд, ӯ ҳиҷоб дошт. Шабнамро дар ин сафар хоҳаронаш- Фарзонаву Бибирӯзигул ва духтараш - Шарифамоҳ ҳамроҳӣ карданд.