Эълони Назриев дар бораи барканории Ғаффоров аз раёсати ҲСТ
Мирҳусейн Назриев, раиси ҷиноҳи сабтиномнашудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, дар интихоботи парлумонии соли 2015 ба ҳайси номзад дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат хоҳад кард.
Назриев ин нуқтаро дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошта таъкид намуд, ки Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҷиноҳи сабтиномшудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон наметавонад дар ин самт монеа шавад: “Вақти мушкил эҷод кардани ў гузашт. Аъзои ҳизб аз Абдуҳалим Ғаффоров пуштибонӣ намекунанд ва эҳтимолан то интихоботи парлумонӣ аз вазифаи раисии ҳизб барканор шавад”.
Назриев муътақид аст, ки дар арафаи интихобот ҳар ду ҷиноҳи ҳизб якҷо шуда, баъди сабт дар Вазорати адлия ҷиноҳи ғайриҳукуматии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар анҷуманҳо тасмимгирӣ хоҳад кард.
Мусоҳиби “Озодагон” таъкид кард, феълан аз ҷониби Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон рӯйхати 18 номзад барои иштирок дар интихобот таҳия шудааст ва эҳтимол аст, дар оянда боз такмил дода шавад.
Мирҳусейн Назриев, ки худро раиси бахши ғайриҳукуматии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон меномад, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба эътилофи интихоботӣ пайваст, вале аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади мухолифин пуштибонӣ накард. Абдуҳалим Ғаффоров раиси ҷиноҳи расман сабтиномшудаи Ҳизби сотсиалистӣ, ки аз ҷониби Назриев шахси ба ҳукумат наздик ном бурда мешавад, аз ҷониби Вазорати адлия раҳбари ин ҳизб эътироф шудааст.