Рӯйхати нави 200 ҳазор тоҷики мамнуъулвуруд ба Русия
Мақомоти Русия рӯйхати нави тоҷикони мамнуъулвурудро дар ихтиёри Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гузоштаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки рӯйхати нав ҳудуди 200 ҳазор нафарро фаро мегирад: “Ин рӯйхат маълумоти нав-то 7-уми июли соли 2014-ро дар бар мегирад.”
Қодирӣ ба муҳоҷирони тоҷик маслиҳат дод, ки пеш аз сафар ба Русия ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат намоянду дар бораи иҷозаи вурудашон ба Русия маълумот гиранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран бо дастури Тағойзода Сумангул Саид, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон як гуруҳи 30 нафарӣ таъсис дода шуд, ки барои мардум дар навоҳии кишвар талаботи нави қонунгузории Русияро шарҳ хоҳанд дод.