Боздошти муовини раиси Кумитаи заминсозӣ бо 10 000 $ пора
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Абдунабӣ Содиқов, муовини раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Суғд хабар дод, ки дар порагирӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Абдунабӣ Содиқов дар якҷоягӣ бо Икромҷон Ниёзов, сармутахассиси КДФ “Сектори истифодаи замин”- и шаҳри Хуҷанд моҳи августи соли равон ба Шаҳодат Ғаффорова ва Сайёра Имомназарова ваъда додааст, ки бар ивази 20000 доллари амрикоӣ барояшон дар Хуҷанд 0,12 га қитъаи замин ҷудо мекунад.
Ин ниҳод афзуд, зимни як амалиёт рӯзи 2 сентябр Абдунабӣ Содиқов ва Ниёзов Икромҷон дар утоқи кории Содиқов ҳангоми гирифтани маблағи 10 000 доллар ҳамчун пора аз Сайёра Имомназарова дастгир шудаанд.