Шарҳи ихроҷи “Ҳоҷӣ Карим” аз Тоҷикистон, дасти амният ва баҳси курсӣ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сабаби ихроҷи Абдукелим Шадике, раиси бозори “Сомон”-и Чкаловро аз Тоҷикистон, ки миёни сокинони маҳаллӣ ҳамчун “Ҳоҷӣ Карим” маъруф аст, шарҳ дод.
Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, Шадике, шаҳрванди Чин дар шаҳри Чкалов дар қайд буда, аммо беасос ва огоҳ кардани мақомоти дахлдор аз санаи 29-уми июни соли равон дар кӯчаи Пушкини шаҳри Душанбе истиқомат мекардааст.
Тавре аз иттилоияи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бармеояд, баъди чор рӯзи омадани Шадике ба Душанбе кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, рӯзи 3-юми июл нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тартиб додаанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ин шаҳрванди Чин дар мурофиаи додгоҳӣ худашро гунаҳгор нашуморида нишон дод, ки ў раводиди Тоҷикистонро дошта, ҷои зисташ дар шаҳри Чкалов будааст: “Ӯ изҳор дошт, ки ба Душанбе барои кори шахсияш ва ба Сафорат омада будааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати ў ҷазо таъин карда нашавад.”
Аммо додгоҳ гарчанде дар қарораш зикр кардааст, ки ин ҳолат бори аввал содир шудааст, Абдукелиму Шадикеро дар нақзи моддаи 499-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, қарор кардааст, ӯ дар ҳаҷми панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва аз Тоҷикистон берун карда шавад.
Ин дар ҳолест, ки Шадике роҳбарии бозори Сомон, аз калонтарин бозорҳои шимоли Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва баъди ихроҷаш аз Тоҷикистон барои ин бозор кашмакаш оғоз шуд. Абдуҷамол Тоҷибоев худро раиси бозори «Сомон” муаррифӣ карда, мегӯяд, баъди ихроҷи Шадике афроди номаълум омада, бозорро соҳиб шудаанд ва ӯ дар ин бора ба мақомот шикоят кардааст. Аммо афроде, ки феълан идораи бозори Сомонро дар ихтиёр доранд, иддаои Тоҷибоевро беасос мехонанд.
Қаблан Абдулажан Абдулайтӣ, шаҳрванди дигари Чин, аз аз муссисони бозор арзёбӣ мешаваду Шадике намояндаи ӯ буд, дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола дар Душанбе муттаҳам шуда, боздошт гардида буд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҳодисаи таҷавуз ба номуси ин духтари ноболиғ дар пайи мувофиқаи модари духтар ва Абдулайтӣ сурат гирифтааст, ки аз ин тоҷири чинӣ қардор будааст.