Аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки рӯзи гузашта дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ронандаи автомашинаи тамғаи «Мусо» Абдуқаҳҳор Сафарови 24 сола аснои ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар километри 102-юм, деҳаи Работ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, пиёдагарди ноболиғ Ҳамидулло Усмоновро зер мекунад. Дар натиҷа пиёдагарди 5 сола аз ҷароҳати вазнин дар маҳали ҳодиса мефавтад. Бино ба хабари манбаъ худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон тахминан соати 19:50 ронандаи автомашинаи «Нексиа» Раҷабалӣ Шукурови 24 сола ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Варашилов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархурда, ба ҳалокат мерасад. Мусофири сабукрав Умароваи 60 сола бо захм бардошта, ба беморхона интиқол шудааст. Дар маҷмуъ шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 6 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд расидааст, ки бар асари он 2 нафар ҷони худро аз даст дода, 5 тани дигар захм бардоштаанд.{jathumbnail off}