Аз мансабгирӣ то кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия
Торнамоҳои алоқаманд ба Давлати Исломӣ дар Ироқу Шом (ДИИШ) аз кушта шудани як тоҷики мулаққаб ба “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ” “ҳангоми ғасби фурудгоҳи Табқа”-и минтақаи Раққаҳи Сурия хабар додаанд.
Дар ин хабарҳо гуфта мешавад, “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ” аз рӯзи аввал мехост, дар амалиётҳо иштирок кунад, аммо амир ӯро посбони нигаҳдории амбори аслиҳа гузошт: “Баъдан дар амалиёте дар сафи пеш ҷангида, маҷрӯҳ шуд. Аммо ҳангоми ҳуҷум ба фурудгоҳи Табқа амир ӯро бо хоҳиши худаш раҳбари гуруҳ мегузорад”.
Бо ин ҳол, ба бовари одамоне ки акси ҷасади ӯро дидаанд, ин нафар Бобоҷон Қурбонов, сокини маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб аст. Даврон Қурбонов, бародари Бобоҷон ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, 26-уми август нафари ношиносе ба ӯ занг зада, барои дар Сурия “шаҳид” шудани бародараш табрик кардааст. Ба гуфтаи ӯ, нафари бо онҳо тамос гирифта бо тоҷикӣ сӯҳбат намуда, аммо ҷузъиёти бештареро ироа накардааст. Гуфта мешавад, Бобоҷон Қурбонов барои кор Русия рафта, чӣ гуна ба Сурия рафтани ӯ барои аҳли хонаводааш номаълум аст.
Хабари кушта шудани “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ” дар Раққаҳ дар ҳолест, ки яке аз воҳидҳои низомии неруҳои ҳукумати Башшор Асад дар саҳифаи фейсбукияш аз қатли як шаҳрванди Тоҷикистон бо лақаби Абуҳурайра Тоҷикӣ дар ин шаҳр иттилоъ додааст. Манбаъ мегӯяд, ин фаъоли ДИИШ рӯзи 10 августи соли ҷорӣ аз сӯи неруҳои давлатӣ ба қатл расонида шуд.
Инчунин ахиран ДИИШ аз "мансабгирӣ"-и як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин созмон хабар дод. Расонаҳои арабзабон такя ба масъулини ДИИШ навиштанд, халифа Абубакр Бағдодӣ як тоҷикро амири Раққаҳ таъин намудааст. Далели баргузида шудани ин тоҷикро, ки аз ӯ ном бурда намешавад, фаъол буданаш ҳангоми ғасби ин минтақаи Сурия аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ арзёбӣ кардаанд. Ба дунболи ин хабар, Анвар Ализода, раиси дастгоҳи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар пайи муайян кардани шахсияти ин тоҷик ҳастанд.