Дастури Кабирӣ барои фаъолшавии наҳзатиҳо дар арафаи интихобот
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 3-юми сентябр бо баргузории як ҷаласа бо ҳузури масъулини илм ва кор бо уламои ҳизбаш масъалаи омодагиҳо ба интихоботи парлумонии соли 2015-ро матраҳ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, Кабирӣ бо зикри вазъи ҷомеа, фишори мақомот болои руҳониёну шаҳрвандон ба масъулини ҳизбаш дастур додааст, мақолаҳои ақидатӣ, илмӣ, ахлоқӣ ва фарҳангиро таҳия намуда, дастраси омма гардонанд.
Кабирӣ дар баробари нашри мақолаҳои ақидатӣ, илмию ахлоқӣ, ба масъулини шуъбаи илм ва кор бо уламои ҳизбаш зарур хондааст, ки чунин мақолаҳоро дар ВАО-и ҳизб ба чоп расонанд ва дар шакли китобчаву буклетҳо дар ихтиёри аъзо, ҳаводорони ҳизб ва дар умум сокинони кишвар қарор бидиҳанд.
ҲНИТ мегӯяд, зимни ин ҷаласа инчунин масъалаи роҳандозии дидору суҳбатҳо бо уламову шайхҳои кишвар ва ҳамкорӣ бо онҳо баррасӣ шудааст.