ВУД: Ҳаракат дар Душанбе 5 ва 6 сентябр маҳдуд мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 5 ва 6-уми сентябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе маҳдуд хоҳад шуд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 5-уми сентябр аз соати 07:00 то 08:00 ҳаракати нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Шотемур бо хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Ҷалол Икромӣ, Шевченко, хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, Неъмат Қарабоев то кӯчаи Ҷанубӣ муваққатан маҳдуд мегардад.
Манбаъ мегӯяд, аз соати 08:00 то 09:00 роҳҳо аз кӯчаи Ҷанубӣ, Неъмат Қарабоев, хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, Садриддин Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, Турсунзода, Шарқ ва Меҳнат то Маркази савдои «Пойтахт-90» баста хоҳанд шуд.
Ба иттилои ВУД 6-уми сентябр низ аз соати 17:00 то 18:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Шотемур бо хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Садриддин Айнӣ то маҳаллаи «Ховарон» муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Қаблан мақомоти тоҷик ба шаҳрвандон тавсия доданд, ки зимни таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва сафари расмии раҳбарони Эрону Чин дар Душанбе, то 18-уми сентябр аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода намоянд, чун роҳбандиҳо афзоиш хоҳанд ёфт.