Рақобат дар Тоҷикистон аз нигоҳи 14 000 мудири ширкат
Анҷумани ҷаҳонии иқтисод дар пайи назарпурсии 14 ҳазор роҳбарони ширкатҳои гуногун Тоҷикистонро аз рӯи рақобатпазирӣ миёни 144 давлати дунё дар зинаи 91 қарор додааст.
Гузоришгарон дар ин раддабандӣ аз 7 холи имконпазир ба самаранокии фаъолияти мақомоти тоҷик-3,9 хол/мақоми 65, инфрасохтор-2,65 хол/ҷойи 120, муҳити макроэкономӣ-4,7 хол/ҷойи 69, ҳифзи саломатӣ ва таҳсилоти асосӣ дар Тоҷикистон-5,56 хол ва мақоми 83-юмро сазовор донистаанд.
Тоҷикистон аз нигоҳи самаранокии иқтисодӣ мавқеи поинтар гирифта, бо 3,53 хол зинаи 111-умро соҳиб шудааст. Ин нишондод бо назардошти маълумоти олӣ (3,93 хол/мақоми 88), бозори маҳсулот (3,99/114), бозори меҳнат (4,25/63), рушди бозори молӣ (3,4/113) ва ҳаҷми бозор (2,76/116) тартиб дода мешавад.
Дар умури соҳибкорӣ Тоҷикистон 3,83 хол/мақоми 82 ва дар бахши навоварӣ бо 3,17 хол зинаи 80-умро соҳиб шудаст.
Аз мамолики Осиёи Марказӣ дар ин раддабандӣ Қазоқистон пешсаф аст, ки бо 4,42 хол ҷойи 50-ум гирифтааст. Қирғизистон бо 3,73 хол дар мақоми 108 ҷой гирифитааст. Кишварҳои дигари минтақа дар раддабандӣ оварда нашудаанд.
Мақоми аввалро дар раддабандии мазкур Швейтсария соҳиб шуда, дар пайаш Сингапур қарор дорад. "Медали биринҷӣ" бошад ба ИМА насиб гаштааст. Русия дар сатри 53 қарор гирифтааст. Дар сатрҳои охири ҷадвал Яман, Чад ва Гвинея қарор доранд.