Ҳалокати Домулло Сайфиддин бо хонаводааш дар садамаи нақлиётӣ
Сайфиддин Назаров, аз руҳониёни тоҷик бо ҳамсар ва ду фарзанди ноболиғаш рӯзи 2-юми сентябр дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Сайфиддин Назаров, сокини 45-солаи ноҳияи Айнӣ, сари фармони мошини "Муссо", ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, ба автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-5320» таҳти идораи ронанда Абдуғаффор Бобоҷонови 22-сола бархӯрдааст.
Ба иттилои ин ниҳод дар натиҷа ҳамсари Назаров- Меҳрӣ Шарифоваи 39-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ӯ бо ду фарзандаш Ҳомиди Сайфиддини 13-сола ва Холбибии Сайфиддини 7- сола дар беморхона ҷон бохтаанд.
Сайфиддин Назаров аз руҳониёни шинохтаи шимоли кишвар буда, имсол интизор мерафт, ки зоирин аз ноҳияи Айниро зимни сафар ба Хонаи Худо роҳбаладӣ мекард.