АКС: Ифтитоҳи терминали нав ва насиҳати президент ба кормандони фурудгоҳ (Навшуда)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 3-юми сентябр дар рӯзи таҷлили иди авиатсияи гражданӣ терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ба истифода дод.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи терминали нав изҳор дошт, ки фурудгоҳро дарвозаи кишвар ва муаррификунандаи фарҳангу маданияти мардуми он меноманд: “Фурудгоҳ дар хотираи меҳмонону сайёҳон нақши муассир мегузорад, зеро бахусус меҳмонон таассуроти аввалини худро нисбат ба давлату миллат маҳз аз ҳамин мавзеъ ҳосил мекунанд.”
Бо зикри ин раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулин дастур додаст, ки барои ҷалби кадрҳои баландихтисос ба терминали нави фурудгоҳи байналмилалӣ қабули кормандонро тибқи озмун ба роҳ монда, мутахассисони соҳибкасби техникаву технологияҳои муосир, донандаи забонҳои хориҷӣ ва дорои фарҳанги баланди муоширатро ба кор ҷалб намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазорати нақлиёт, ширкатҳои ватании авиатсионӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии кишварро вазифадор кардааст, ки дар баробари навсозӣ ва пуррагардонии парки тайёраҳо, аз ҷумла тавассути лизинг, доир ба зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, кушодани хатсайрҳои нав барои парвозҳои мустақим ва транзитӣ, инчунин аз бунбасти коммуникатсионии боркашонии ҳавоӣ баровардани кишвар мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Терминали нави Душанбе дар асоси қарордод миёни Тоҷикистону Фаронса сохта шудааст, ки маблағи умумии сохтмон 39 миллион евроро ташкил намуда, аз он 19 миллионро фурудгоҳи Душанбе ва 20миллионро ҷониби Фаронса пардохт кардааст. Масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ба назар гирифта шудааст. Бо вуҷуди ифтитоҳи расмӣ интизор меравад, ки хизматрасонӣ дар терминали нав аз моҳи оянда оғоз шавад.
Терминали нав қодир аст, дар як сол ба 1,5 миллинон мусофир хизмат расонад. То ҳол хизматрасонӣ дар фурудгоҳи Душанбе дар як соат 130 мусофирро фаро мегирифт.
Сохтмони терминали навро ширкати сохтмонии «Винчи Конструксён Гран Проже» ба уҳда дошт, ки яке аз ширкатҳои сохтмонии бонуфузи ҷаҳонӣ буда, то имрӯз дар сохтмони 13 фурудгоҳ иштирок намудааст.
Хабарнигори "Озодагон" ҳам аз ин фурудгоҳ дидан кард ва чанд аксе ҳам бардошт.