ВИДЕО: Оғози тахриби кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав
Мақомоти Русия ба тахриби кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав оғоз карданд, ки соли 1982-юм бунёд гардидааст.
Ба иттилои мақомоти Маскав ба ҷои бинои сеқабатаи кинотеатри Тоҷикистон дар ноҳияи Строгино, маҷмааи бузурги фароғатию фарҳангӣ бунёд мешавад, ки ичнунин кинотеатрро низ дар бар хоҳад гирифт.
Дастуроти Сергей Собянин, раиси Маскав дар бораи тахриби Тоҷикистон ҳанӯз моҳи майи соли равон содир шуда буд.
Кинотеатри Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Маршал Кутуков ҷойгир аст, зерсохтори “Московское кино” буда, чандест, ки ба сифати кинотеатр кор намекардааст. Ин кинотеатри иборат аз ду толор соли 1982 ифтитоҳ ёфта, ҳамчун кинотеатр то соли 2001 кор кардааст. Аз охири солҳои 90-ум бинои кинотеатр инчунин барои тиҷоратҳои гуногун ба иҷора дода мешудааст ва шӯру мағал дар ин бино боиси норозигии сокинони атрофи он шудааст.
Видеои оғози тахриби кинотеатри Тоҷикистон