Бонки Ҷаҳонӣ: Роғун-арзонтарин роҳи таъмини Тоҷикистон бо барқ аст
Бонки Ҷаҳонӣ бо нашри 12 гузориши ниҳоияш дар бораи Роғун ин лоиҳаро камхарҷтарин роҳи таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ арзёбӣ кардааст.
Тавре гузоришгарони Бонки Ҷаҳонӣ менависанд, дар сурати риояи тамоми меъёрҳо ин лоиҳа ягон пайомади назарраси манфӣ барои кишварҳои минтақа надорад. Онҳо лоиҳаи Роғунро ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ-техникӣ ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ-экологӣ мусбат баҳогузорӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон дар мулоқоти Алмато дар ротиба ба ташхиси Роғун гуфт, кишвараш хулосаи Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро қабул надораду ҳеч гоҳ аз ин тарҳ ҳимоят нахоҳад кард.
Хулосаи ниҳоӣ дар мавриди асоснокии техникӣ-иқтисодии Роғунро консорсиюми «Coyne & Bellier» ва ҷанбаи экологӣ-иҷтимоиро «Poyry Energy Ltd.» таҳия кардаанд.
Бонки ҷаҳонӣ бо назардошти ҳисоботи коршиносони байналмилалии мустақил бунёд ва истифодаи нерӯгоҳ имконпазир аст, агар дар ин раванд меъёрҳои байналмилалӣ риоя шуда, пешниҳодҳои дахлдори коршиносони байналмилалӣ ба назар гирифта шаванд: “Лоиҳаи аввалия такмил дода шавад ва низоми назоратие таҳия гардад, ки аз замони сохтмон то истифодаи нерӯгоҳ фаъолият кунад.”
НБО-и Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозегии Узбакистон шудааст, тибқи лоиҳаи НБО бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин нерӯгоҳ Тоҷкистонро аз кишвари ниёзманд ба содиркунандаи нерӯи барқ табдил диҳад.