Пеншниҳоди 1500 рубл пора барои гурез аз ҷавобгарии маъмурӣ
Як шаҳрванди Туркманистон талош кардааст ба кормандони пулис 1500 рубл, муодили 40 доллар пора бидиҳад, то аз ҷавобгарии маъмурӣ раҳо ёбад.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия, ин ҷавони 27-сола қоидаи будубош дар қаламрави Русияро нақз карда, хостааст бар ивази пора ӯро муҷозот накунанд. "Аммо корманди пулис маблағи пешниҳодшударо нагирифтааст",-хабар медиҳад манбаъ.
Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.