ВИДЕО: Тоҷикистон кай истиқлол ёфт: 1994, 1993, 1992 ё 1989?
Дар остонаи таҷлил аз 23-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон “Озодагон” аз сокинон ва меҳмонони пойтахт пурсид, ки кишвар кадом сол истиқлолиятро соҳиб шуд?
Посухҳо гуногун буданд: 1992, 1994. Ҳатто 1989. Танҳо теъдоди каме аз пурсидашудаҳо ҷавоби дуруст доштанд. Навори назарпурсиро инҷо тамошо кунед.
9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум “Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд. Тибқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, 9 сентябр ҳамчун “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шудааст.