Шиддати тадобири амниятӣ ва роҳбандии ниммоҳа дар Душанбе
Кормандони мақомоти интизомӣ барои таъмини амният зимни таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва сафари расмии раҳбарони Эрону Чин ба хизмати шабонарӯзӣ гузаштаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки навбатдории шабонаи низомиёни таъиноти махсус дар Душанбе низ ба ин чорабиниҳо рабт дорад.
Дар робита Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони Душанбе хостааст, то 18-уми сентябр, ки ин чорабиниҳо идома меёбанду роҳбандиҳо зиёд хоҳанд шуд, аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намоянду аз нақлиёти ҷамъиятӣ кор баранд.
Дар Тоҷикистон 9-уми сентябр, таҷлили ҷашни Истиқлол, баъди он ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ ва сипас сафари расмии Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Син Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин дар назар аст.