Ҳушдори Газпром аз гаронишавии бензин ва дархости дахолати Раҳмон
Ҳудуди 15 ширкати воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон, аз ҷумла “Газпромнефт Тоҷикистон” аз эҳтимоли гаронишавии маҳсулоташон дар кишвар ҳушдор дода, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур хостаанд ба бозори сӯзишворӣ дахолат кунад.
Ба иттилои воридкунандагони сӯзишворӣ ба Тоҷикистон корхонаҳои коркарди нафт дар Русия ба далели болоравии нарх дар ин кишвар содироти сӯзишвориро маҳдуд кардаанд ва ин боиси камёфт ва гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар худи Русия шудааст. Ширкатҳои Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ин масъаларо дар сатҳи олӣ бо роҳбарони Русия ҳал кунад, дар акси ҳол аллакай нимаи дуюми моҳи равон нархи як литр бензин метавонад аз ҳадди 7 сомонию 30 дирам гузарад.
Ин дар ҳолест, ки ба ивази будубоши ройгони пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон, Русия бо мақомоти тоҷик ба созиш омад, ки ҳамасола то 1 миллион тонна маводи сӯхтро бе ситондани боҷ ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Ин созишнома муваққатан аз рӯзи 12-уми ноябри соли 2013 мавриди иҷро қарор гирифт.
Тибқи ин созишнома Русия уҳдадор мешавад, ки аз маводи сӯхт, ки ба Тоҷикистон равона шудааст, боҷи содиротӣ наситонад. Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки маводи сӯхти тариқи имтиёз гирифтаашро ба кишварҳои сеюм содир накунад.