Таъхири тафтишоти парвандаи Содиқов ва эҳтимоли дермонӣ аз дарс
Тафтишоти парванда алайҳи Александр Содиқов, пажӯҳишгари тоҷик, ки моҳи июн бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Хоруғ боздошт шуд, ҳанӯз ба охир нарасида ва рӯшан нест кай анҷом меёбад.
Содиқов, ки рӯзи 22 июл ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат озод гардид, изҳор медорад, ба далели тафтишот иҷозаи берун рафтан аз кишварро надорад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ дарсҳояш дар донишгоҳи Торонтои Канада аз 8-уми сентябр оғоз мешаванд.
Александр Содиқов баъд аз зуҳри 16 июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард.
Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо худи Содиқов мегӯяд, бо фармоиши Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба пажуҳиши масъалаи идораи низоъҳо дар Хоруғ машғул буд. То кунун даҳҳо Иттиҳодияи илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят карда, хостори раҳоии ӯ шуда буданд.
Александр дар рӯзҳои аввали дастгир шуданаш дар боздоштгоҳе дар Хоруғ буд ва сипас ӯро ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе интиқол доданд ва баъди як моҳ ба шарти берун нарафтан аз ҷои иқомат озод карда буданд.