Футболбозони тоҷик ҳамроҳ бо мухлисонашон Минск мераванд
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар бозии дӯстона бо мунтахаби Белорусия имрӯз ба Минск парвоз мекунад.
Торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мегӯяд, ин парвоз соати 10:00 дар назар буда, як гуруҳи мухлисон ҳам бозигарони тоҷикро ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллӣ барои дидори мазкур, ки 4 сентябр дар Борисов баргузор мешавад, 22 футболбоз, бо шумули 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро интихоб кардааст.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон аз ин қарор аст:
Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев (“Истиқлол”), Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев (“Жетису”, Қазоқистон), Соҳиб Саванқулов (“Вахш”), Алишер Шарипов (“Регар-ТадАЗ”), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (“Истиқлол”);
Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Умедҷон Шарипов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Амирбек Ҷӯрабоев (“Хайр”), Фаридун Шарипов (ССКА “Помир”);
Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров (“Парвоз”), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол), Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”).