Нахустнамоиши "Паймон"-и Таҳмина ва Сироҷиддин дар Душанбе
Нахустнамоиши филми “Паймон”, ки нақшҳои асосии онро Таҳмина Раҷабова, Қурбони Собир ва Сироҷиддин Ғафурӣ иҷро кардаанд, рӯзи 6 сентябри соли ҷорӣ дар Кохи Ҷомии Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ин филм аз сӯи як гуруҳ ҷавонони вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо телевизиони "Сафина" наворбардорӣ шуда, продюсераш Дилошӯб Орифзода ва коргардонаш Муҳиддини Музаффар мебошад. Дар филми “Паймон” мушкили мубрами рӯзи ҷомеаи тоҷик – азҳампошии хонаводаҳои ҷавон ба саҳна оварда шуда, сенарияи он ба қалами Бахтиёр Каримов тааллуқ дорад.
Осими Орифпур - директори филми “Паймон”, дар посух ба чанд суоли хабарнигори “Озодагон” аз ҷумла номи филмро шарҳ дода ва гуфт: “Зери мафҳуми “Паймон” паймонҳои баставу дар ниҳоят шикаста ниҳон аст. Паймони дӯст, паймони азиз, паймони ёр. Ҳар ном бояд ақаллан 30 дарсади маънии матлабро фаро гирад. Вожаи “паймон” ба мазмуни филмнома мувофиқ аст. Аз ин рӯ филм “Паймон” ном гирифт”.
Озодагон: Барои таҳия ва наворбардории филми хуб бояд ҳайати корӣ аз мутахассисони ҳирфаӣ (касбӣ) иборат бошад. Шумо барои гирди ҳам овардани нафарони ҳирфаӣ дар филми худ то куҷо муваффақ шудед?
Орифпур: “Ҷамъ овардани як гурӯҳи бузурги эҷодӣ ва аксарашон ҳирфаӣ дар як вақти муайян кори саҳл нест. Коргардони филм Муҳиддини Музаффар (Ҷӯраев) дар ин лоиҳа нафарони ҳирфаиро даъват кард ва муваффақ ҳам шуд. Лутфулло Давлатзода - директори телевизиони “Сафина”, ки як нафари бисёр серкор аст, мушовири филм мебошад. Ҳунарманд Хуршед Мустафоев, ки дар театри давлатии “Маяковский” шахси калидист, дар ин лоиҳа ҳам нақш меофарид ва ҳам пардозгар буд. Ӯро муддати 50 рӯз аз театр дур кардан кори осоне набуд. Ҳунарманди дигар - Сӯҳроб Ҷанҷолов, ки дар театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор мекунад, дар филми “Паймон” вазифаи ба саҳнагузорандаи ҷангҳоро бар дӯш дошт. Дар ин ҷо бояд гӯям, филми “Паймон” қадами мустаҳкам ва саҳифаи нави синамои тоҷик дар офаридани саҳнаҳои ҷангӣ аст. Барои гузоштани як саҳнаи ҷанг Сӯҳроб Ҷанҷолов бо гурӯҳаш қариб ду ҳафта кор кардааст. Дар натиҷа саҳнаҳои ҷанг хуб баромаданд. Наворгирҳои соҳибтахассус Наврӯз Саидов ва Бахтовар Сафаров кори худро олӣ анҷом доданд. Ёвари коргардон Далери Эмомалӣ пул (купрӯк)-и воқеӣ байни гурӯҳи таҳиягарон ва гурӯҳи ташкилӣ буд. Бе ӯ кори мо босифат намешуд. Хулоса, чароғмон Фарҳод Тӯхташов, ёвари продюсер Кароматуллои Нор, рассом Абдуғаффор Умматқулов барои босифат анҷом ёфтани кор хеле заҳмат кашиданд. Дар филми ба наворгирифтаи мо ҳунармандони маъруф, ба монанди Қурбони Собир, Таҳмина Раҷабова ва Сироҷиддин Ғафурӣ нақшҳои марказиро бозидаанд, ки умедворем, аз сӯи бинандагон хуб истиқбол хоҳад ёфт.”
Озодагон: Дар хориҷа барои ба наворгирии филмҳо пули зиёд харҷ мекунанд. Агар пӯшида нест, тамоми масрафи филми Шумо аз куҷо буд ва фикр мекунед, фурӯши он заҳмату харҷҳоятонро хоҳад пӯшонд?
Орифпур: “Дуруст аст, ки дар хориҷа милионҳо долларро барои офаридани филм харҷ мекунанд ва баъдан як филми хуби диданиро рӯи кор меоранд. Аммо буҷаи филми “Паймон” ақалан миллион сомонӣ нест, ҳамагӣ 225 ҳазор сомонӣ.”