Боздошти Ҷӯраев зимни порагирӣ барои пинҳон кардани ҷиноят
Як маъмури пулис дар шаҳри Норак барои пинҳон кардани ҷиноят бо мухаддирот аз наздикони гумонбаршуда 500 доллари амрикоӣ пора талаб карда, ба даст афтодааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ майори милитсия Нуриддин Ҷураев, ваколатдори калони гурӯҳи мубориза аллайҳи гардиши ғайриқонуни маводи мухадири шуъбаи ВКД-и шаҳри Норак ҳангоми гирифтани 300 доллари амрикоӣ ҳамчун пора, дастгир шудааст: “Ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон як сокини Норак муроҷиат карда, арз доштааст, ки корманди шуъбаи корҳои дохилии Норак барои пинҳон кардани ҷиноят бо воситаҳои нашъадо, ки гӯиё аз ҷияни муроҷиаткунанда мусодира кардааст, 500 доллари амрикоӣ талаб намудааст. Аммо зимни гирифтани 300 доллараш боздошт гардид.”
Оҷонсӣ мегӯяд нисбати Нуриддин Ҷураев 33 сола, зодаи ноҳияи Данғара парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.