“Дари масоҷид барои ҳар касе, ки ба ибодати Худо меояд, бояд кушода бошад”
Ҳасан Руҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон нақши масоҷиду руҳониятро дар сиёсатсозӣ ё сиётсатгузории кишвараш муҳим арзёбӣ карда, аз мақомот хостааст, аз андеша ва иттилои онҳо истифода кунанд. Ӯ ин ҳарфҳоро рӯзи 1 сентябр, ҳангоми суханронияш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии масоҷид дар Теҳрон, баён доштааст.
“Масоҷид, уламо, имом-хатибон ва омӯзгорон бояд дар сиёсатсозӣ ва сиёсатгузорӣ ҳузур дошта бошанду мо бояд аз иттилоъ ва андешаҳои онҳо истифода кунем”,-таъкид кардааст Руҳонӣ.
Раиси ҷумҳури Эрон бо ёдоварӣ аз он ки андешаи “давлату мардум” ғалат мебошад, илова кардааст, “ҳама бо ҳам ҳастем, ҳар касе маъсъулияте дорад бояд онро ба беҳтарин шакл анҷом диҳад. Давлат ба танҳоӣ наметавонад, кореро анҷом диҳад ва ба мардум, аз ҷумла уламо ва донишмандону руҳониён ниёз дорад. ин руҳоният аст, ки мардумро ба саъю талош ташвиқ мекунад.”
Ҳасан Руҳонӣ дар идома хостори боз кардани дари масоҷид ба рӯи тамоми қишри ҷомеаи кишвараш шуда, таъкид кардааст, “дари масҷидҳо барои ҳар фарде, ки ба ибодати Худо меояд, бояд кушода бошад. Ҳама бояд ба тарафи масҷид ҳаракат кунем, албатта, дар ин бора низ нақши руҳониён муҳим аст, чун онҳо метавонанд, таваҷҷуҳи оммаро ба масҷид ҷалб кунанд.”