Мусодираи мухаддироти арзишаш 5 миллиард аз шаҳрвандони Тоҷикистон (ВИДЕО)
Хадамоти федеролии мубориза алайҳи маводи мухаддири Русия охири ҳафтаи гузашта дар вилояти Маскав як шабакаи бузурги интиқол ва паҳни мухаддироти Афғонистонро ошкор кардаанд.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод амалиёт тайи як сол омода гардида, дар ин муддат 14 парвандаи ҷиноӣ оғоз ва 30 кило героин мусодира шудааст. Дар марҳилаи ниҳоии амалиёт ба иттилои мақомоти Русия чор шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон дар минтақаи Химка дастгир намудаанд, ки ба ҳам пайванди хешутаборӣ доштаанд. Дар маҷмуъ дар доираи амалиёт 105 кило героин мусодира шудааст, ки мақомоти рус арзиши онро 5 миллиард рубл арзёбӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ зимни тафтишот боздоштшудагон эътироф карданд, ки онҳо дар ноҳияи Чехов дар як хонаи маъмулии кӯчак анбори маводи мухаддир доранд ва миқдор бузурги маводи мухадирро ба шаҳрҳои Санкт Петербург ва Оренбург ҳам бурдаад. Кормандони хадамоти мубориза бар зидди маводи мухаддир дар маърази рузноманигорон фарши хонаро боз карда, аз он 75 кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд.
Мақомоти Русия мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ба гумонбарон ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад. Видеои боздошти гумонбарон дар қочоқи маводи мухаддир