Таърифи ВКД аз кори генерал Шоҳ Искандаров дар Турсунзода
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз дастовардҳои милитсия дар шаҳри Турсунзода зери роҳбарии генерал-майори милитсия Муҳаммадшоҳ Искандаров, ё худ Шоҳ Искандар, собиқ қумандони мухолифин хабар додааст.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод ҳамкории милитсия дар Турсунзода бо аҳолӣ хуб ба роҳ монда шуда, дар пайи ҷалби ихтиёриён ифшо ва пешгирии ҷиноятҳо беҳтар гардидааст.
ВУД таъкид мекунад, дар пайи ташкили дурусти кор дар Турсунзода, “тайи 7 моҳи соли ҷорӣ ошкоршавии ҷиноятҳо 8,2 фоиз беҳтар гардида, аз 285 ҷинояти сабтшуда 248 ҷиноят ошкор шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта хело беҳтар мебошад. Содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 21,7 фоиз кам гардида, содиршавии ҷиноятҳо дар ҳолати ноайёнӣ, дар ҳолати мастӣ, одамкушӣ, қаллобӣ 12,8 фоиз, дуздӣ 21,5 фоиз кам гардидааст.”
Номи Шоҳ Искандаров аз размандагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) соли 2010 дар пайи даргирии нерӯҳои давлатӣ бо мухолифони собиқи мусаллаҳ дар Рашт вирди забонҳо шуд. Баъдан, тобистони соли 2012, ӯ дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ низ иштирок карда, тирамоҳи соли гузашта унвони генералиро соҳиб шуд. Дар пайи тағйироти кадрӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон раҳбари Идораи пулиси Турсунзода таъин гардида, феълан дар ин симмат фаъолият дорад.