Тоҷикистон амири шаҳри Раққаҳ шудани тоҷикро маҳкум кард
Мақомоти Тоҷикистон хабари таъини як ҷангҷӯи тоҷик ба мақоми амири шаҳри Раққаҳи Сурия аз ҷониби созмони “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ)–ро маҳкум мекунанд. Ахиран расонаҳои арабӣ хабар доданд, ки бо фармони Абубакр Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ як шаҳрванди Тоҷикистон амири Раққаҳ таъин шудааст.
Анвар Ализода – раиси дастгоҳи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод дар пайи муайян кардани шахсияти “амир”-и тозатаъйини ДИИШ дар шаҳри Раққаҳ аст, вале ҳанӯз маълумоте дар бораи ӯ пайдо накардааст, чун ба гуфтаи Ализода тамоми маълумот дар бораи ҳуввияти ин шаҳрванди Тоҷикистон пӯшида мебошад: “Вазорати умури дохилӣ иштироки шаҳрвандони худ дар ҷангҳои хориҷиро маҳкум менамояд. Аз ин рӯ, ҳар вақте, ки як сокини кишвар аз Сурия ба Ватан бармегардад, ӯ тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ намоиш дода мешавад, барномаҳои вижа таҳия мешаванд, то мардум огоҳ шаванду фирефта нагарданд.”
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон ин иқдоми Абубакр Бағдодӣ ба ҷалб ва ҳавасмандсозии ҷангҷӯёни бештар аз Тоҷикистон равона шудааст, ки феълан теъдодашон расман ҳудуди 200 нафар арзёбӣ мешавад.
Созмони ДИИШ, ки ҳоло ҷангҷӯёни он дар Сурия ва Ироқ бархе манотиқро таҳти тасарруфи худ қарор додаанд, зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯи ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбараш Абӯбакр Бағдодӣ мебошад. Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард. Дар пайи ишғол шудани шаҳри Раққаҳ аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ ҳафтаи гузашта як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳайси амири ин созмон дар ин минтақаи сурия таъйин шуд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ин мақом бо дастури Абубакр Бағдодӣ – раҳбари ДИИШ, ки ахиран худро халифаи мусулмонони ҷаҳон эълон карда буд, таъин шудааст. Расонаҳои арабзабон далели баргузида шудани як тоҷик ба ҳайси амири шаҳри ар-Раққаҳро дар фаъол будани ӯ ҳангоми ғасб шудани ин минтақаи Сурия аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ арзёбӣ кардаанд. Аммо дар бораи ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон расонаҳо чизе нагуфтаанд.