Дар донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни олимони ҷавон зери унвони «Беҳтарин ихтироъкор» баргузор гардид.
Айёмиддини Хайриддин, донишҷӯи курси 4-уми факултети стандартизатсия ва сертификаткунонии донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо баҳогузории доварон беҳтарин дониста шуда, барандаи ҷойи аввал шуд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории ин озмун муайян намудан ва муаррифии ҳар чӣ бештари олимони ҷавону ихтироъкорон мебошад. Ғафурҷон Ҳакимов, масъули озмуни мазкур ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар заминаи ин озмун як ассосиатсияи ихтироъкорони Тоҷикистон таъсис дода мешавад, то он дар пешрафти Тоҷикистон нақши худро гузошта тавонад.
Маврид ба ёдоварист, озмуни мазкур ду сол боз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, беш аз 100 нафар олимони ҷавону донишҷӯёни ихтироъкор аз тамоми донишгоҳҳои олӣ ва мактабҳои махсуси касбӣ-технологӣ дар ин озмун ширкат намуданд, афзуд Ғафурҷон Ҳакимов. Дар ин чорабинӣ қайд карда шуд, ки мувофиқи низомнома, дар озмун набояд олимони аз 35 сола боло ширкат намоянд.{jathumbnail off}