АКС: Раҳмон хост, тоҷикон таҳлилу баррасиро ёд гиранд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми август зимни ифтитоҳи мактаби нави миёна дар Душанбе хост, баробари фанҳои алоҳида, дар толибилмон малакаи таҳлилу баррасии равандҳои муосир тарбия дода шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зикри рушди технологияҳои инноватсионӣ ва имкониятҳои васеи дастрасӣ ба иттилоот таъкид намудааст, ки ин раванд ҳамаи моро водор месозад, ки ҳамқадами равандҳои замони муосир бошем ва онҳоро дуруст дарк карда тавонем: “Қафо мондан аз навидҳои иттилоотӣ ва навгониҳои илму техника ба пешрафти шахс бетаъсир намемонад.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, “мақсади мо ин аст, ки хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ танҳо ба омӯзиши назариявии фанҳои алоҳида маҳдуд нашуда, дар баробари корҳои амаливу озмоишӣ, инчунин бояд соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосири таҳлилӣ ва баррасии масъалаҳои рӯз бошад. Мо кӯшиш карда истодаем, ки дар мактабҳои имрӯза ҳамаи имкониятҳоро барои ташаккули насли ҷавони худогоҳ ва дорои ҷаҳонбинии муосир муҳайё созем.”
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини маорифу муҳаққиқон дастур додааст, ки сабабҳои нокифоя будани дониши хонандагонро дар баъзе муассисаҳои таълимӣ муайян намоянду ба зинаи ибтидоии таҳсилот муаллимони касбӣ ва дорои истеъдоди хуби муносибат бо кӯдаконро ҷалб намоянд. Ба ақидаи раисиҷумҳури Тоҷикистон “маҳз зинаи ибтидоии таҳсилот таҳкурсии асосии дониш ва инкишофи ҷаҳонбинии кӯдакон ва пойдевори донишу малакаи заминавии ҳар як фард ба ҳисоб меравад.”
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба наврасон изҳор доштааст, ки ояндаи мулки зебо ва биҳиштосои мо дар дасти шумост ва аз шумо азхудкунии дониши мукаммал, касбу ҳунар ва дар худ парвариш додани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тақозо мегардад.