Ясин Ниёз, мудири кулли ширкати чинӣ оид ба савдои беруна, - «Яшин Интернешнл», мегўяд, ҳолати мавҷуда, ки Тоҷикистон ба бозори фурўши молҳои тайёри чинӣ табдил ёфтааст, ба наздикӣ шикаста хоҳад шуд.
Ясин Ниёз, дар сўҳбат бо хабаргузории «Озодагон» таъкид кард, ки соҳибкорони чинӣ бо тавваҷҷўҳ ба ашёи хоми Тоҷикистон ва кам кардани хароҷоти интиқоли молашон, аллакай кўшиш карда истодаанд, истеҳсоли маҳсулоташонро дар худи Тоҷикистон ба роҳ монанд. Ба гуфтаи Ясин Ниёз, дар Чин бархилофи Тоҷикистон, ҳама вақ т камбуди ашёи мавҷуд хоҳад буд. Ҳамчунин, баъзе монеасозиҳои Ўзбакистон зимни интиқоли бор, истеҳсоли мол дар Чину фурўшашро дар Тоҷикистон камманфиат кардаст.
Ясин Ниёз, Тоҷикистонро беҳтарин ҷой барои роҳандозии истеҳсолот ва интиқоли минбаъдаи маҳсулот ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон меҳисобад.
Раиси ширкати «Яшин Интернешнл» афзуд, аллакай чанд корхонаҳои муштараки истеҳсоли арматура, хишт, нўшокиҳо ва ғайра ташкил шудаанд ва ин танҳо оғози кор аст.{jathumbnail off}