Бонки Миллӣ: Қарзгирӣ аз бонкҳо 32% афзоиш ёфтааст
Бонки миллиии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳолати моҳи июли соли ҷорӣ мардуму корхонаҳо аз бонку ташкилотҳои қарзӣ ҳудуди 8 миллиарду 854 миллион сомонӣ қарздоранд.
Ба иттилои манбаъ ин нишондод нисбати бақияи қарзҳо дар моҳи июли соли гузашта 32 дарсад зиёд мебошад.
Бонки Миллӣ таъкид мекунад, ки ироаи қарзҳои дарозмуддат низ дар Тоҷикистон густариш ёфта, 3 миллиарду 816 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ фоизи миёнаи қарзҳо дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 26,31 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,20 фоизи солонаро ташкил намуд. Баробари ин Бонки Миллӣ эътироф мекунад, ки аксари қарзҳо аз бонкҳои кишвар бо асъори хориҷӣ гирифта мешаванд.