Намояндаҳои ФФТ дар Коломбо рушди футболро меомӯзанд
Фардо, 31 август дар пойтахти Шри-Ланка - Коломбо семинари минтақавии ФИФА/АФК оид ба рушди футбол ба кори худ оғоз мекунад. Тоҷикистонро дар он Ислом Маҳмадшоев, дабири кулл ва Шавкат Ахмедов, директори фаннии Федератсияи футбол намояндагӣ мекунанд.
Дар ин давраҳои омӯзишӣ ҳамчунин намояндаҳои Федератсияҳои футболи Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Қирғизистон, Малдив, Непал, Покистон, Шри-Ланка, Туркманистон ва Узбакистон иштирок хоҳанд кард.
"Ҳамчунин, дар шаҳри Коломбо давраҳои омӯзишии ФИФА FUTURO-3 барои мураббиёни доварон баргузор мешавад, ки Абдураҳим Бобоев (Турсунзода), Насриддин Азизов (Қубодиён) ва Рустам Абдуллоев (Душанбе) дар он ширкат меварзанд",-хабар медиҳад торнамои ФФТ.
Давраҳои омӯзишӣ то 2 сентябр идома хоҳанд кард.