Мусодираи беш аз 9 кило “ҳашиш” аз ҷавоне, ки "доғи судӣ" доштааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз мусодираи 9 килову 560 грам маводи мухаддир хабар додааст.
Торнамои ин ниҳод менависад, ин миқдор “ҳашиш”-ро кормандони милиса ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз Мизроб Умаров мусодира кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин сокини 24-солаи ноҳияи Қумсангир қаблан бо моддаи 200 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда будааст.