Таҳрими Амрико алайҳи бонки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Эрон
Мақомоти Амрико як бонки фаъол дар Тоҷикистонро ба рӯйхати сиёҳ ворид намуда, алайҳаш барои ҳамкорӣ бо Эрон таҳрим эълон намудааст.
Рӯйхати бонку ширкатҳои нав, ки ба иддаои мақомоти амрикоӣ дар тавсеаи барномаи ҳастаии Эрон саҳм мегузоранд, 29-уми август дар сомонаи Вазорати молияи ИМА нашр шудаанд ва дар ин қатор “Кафолатбонк”-и Тоҷикистон низ зикр гардидааст. "Кафолатбонк" дар Тоҷикистон бо сармояи эронӣ фаъолият дошта, роҳбарии онро дар Душанбе Пайравдинаббӣ Амир Аҳмад ба уҳда дорад.
Ба рӯйхати сиёҳи Амрико инчунин “Азия банк”-и Русия, чанд пажуҳишгоҳ, ширкат ва соҳибкорони эронӣ шомил гардидаанд.