Мансабдорони Туркманистон аз амрикоиҳо рушди туризм дар интернетро меомӯзанд
Дар Туркманистон давраҳои омӯзишии рушди туризм дар интернет ҷараён дорад.
Доктор Даниэл Фесенмайер, раҳбари омӯзишгоҳи миллии туризм ва тиҷорати электронии назди мактаби туризм ва менеҷменти меҳмонхонадорӣ (Донишгоҳи Темпл, (Филаделфия, ИМА) ба намояндаҳои бахши туризми Туркманистон нақши интернет дар соҳаи туризмро мефаҳмонад. Ҳамчунин, ба онҳо аз роҳҳои истифодаи хизматрасониҳои онлайн ва бартарияти имкониятҳои маркетингии шабака дарс гуфта мешавад, менависанд расонаҳои Туркманистон.