Эълони роҳбандии дурӯза дар Душанбе
Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, тайи ду рӯзи оянда ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе маҳдуд хоҳад шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 30 август аз соати 07:00 ҳаракати нақлиёт аз чорроҳаи Теҳрон-Шероз бо кӯчаи Теҳрон, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Гагарин, Пролетар, Хуҷамбиёи Поён, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, кӯчаи Карамов, хиёбони Сино, Саъди Шерозӣ, Неъмат Қарабоев, Шестопалов ва Борбад то чорроҳаи Абай муваққатан маҳдуд мегадад.
Ба иттилои ин манбаъ ҳамчунин рӯзи 1-уми сентябр ҳаракати нақлиёт аз соати 06:30-дақиқа аз чорроҳаи Теҳрон-Шероз бо кӯчаи Теҳрон, хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи С. Носир дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд хоҳад шуд.
Яке аз омилҳои маҳдудсозии ҳаракат дар Душанбе таъмини бехатарӣ зимни чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Дониш арзёбӣ мешавад.