Манижаи Давлат дар Каъба чӣ имзо карда буд? Шабнам чӣ?
Кока Тайғун, як корбари афғони Фейсбук, матлаберо бо номи “Бибиҳоҷӣ ва сарнавишти мутрибӣ” чоп карда, дар он аз ҳаҷравии Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, ёдоварӣ намудааст. Ӯ хостааст, ба ин суол ҷавоб гирад, ки оё Шабнам мисли Манижаи Давлат овозхониро қатъ хоҳад кард, ё идома хоҳад бахшид.
“Моро бим гирифтааст, нашавад ҳамон қарордодеро, ки овозхони дигари тоҷик -- Манижаи Давлат дар Каъба имзо кард ва бар асоси он лаб аз хондан фурӯ баст, Шабнами Сурайё ҳам имзо кунад”,-омадааст дар матлаби ин корбари афғон.
Ӯ дар идома нигоштааст, “Шабнами Сурайё, овозхони таннози тоҷик, пас аз як ҷаҳонгардии муфассал сараноҷм ба охирин манзил, яъне Каъба расид. Қарори маълум, қабл аз он ки байти маъруфи зер ба ӯ бирасад, ӯ ба Ҳаҷ расид:
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Касе, ки чанд қадам дуртар аз Хонаи Худо дили миллионҳо бандаи ӯро ба даст овардааст, оё дар Каъба дили соҳибхонаро ба даст хоҳад овард? Хушбиниҳо зиёданд, аммо кас чӣ медонад:
Ҷудо-ҷудо ба Худо мерасем, эй Шабнам,
Ту аз зиёрати Каъба, ман аз зиёрати ту”.
Баъдан ин корбари афғон дар Фейсбук аз ҳоҷӣ шудани чанд овозхони афғон ҳам ёдоварӣ кардааст: “Чанд овозхони мо ҳам дар ин сӯи Омӯ Ҳаҷ карда буданд. Ҳоҷӣ Ҳамоҳанг ва Ҳоҷӣ Сайфуддин аз ҷумлаи онҳост. Ҳарду тасодуфан ҷавонии шӯху рангине доштанд. Ҳарду пас аз зиёрати Каъба ҳамчунон хонданд, ки пеш аз он мехонданд. Бозгули Бадахширо Бурҳониддин Раббонӣ ба Ҳаҷ фиристод ва вақте баргашт, фармуд, аз мусиқӣ тавба фармояд, ки фармуд”.
Кока Тайғун дар охири матлбааш аз Худованд хостааст, “бигзор Шабнами Сурайёро бишнавем ва бубинем”. “Дар ин қаҳтии соли овоз ва истеъдод ва чеҳра маҷбур набошем, дар Фейсбук бихонем, ки фалонӣ валади фалонӣ дишаб бо фалон оҳанг соати понздаҳ кам чаҳори субҳ дар мусиқӣ инқилоб кард”,-хулоса кардааст ӯ.
Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик ҳамроҳи хоҳаронаш Фарзонаи Хуршеду Бибирӯзигул ва духтараш Шарифамоҳ охирҳои моҳи сипаришуда ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд.