Тақдими ҷоиза ва унвонҳо барои 160 нафар аз сӯи Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 23-юмин солгарди истиқлолияти кишвар ба 160 намояндаи табақаҳои гуногуни ҷомеа мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ тақдим кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳур, бархе шоирони маъруфи кишвар, аз ҷумла Низом Қосим, Аҳмадҷон Раҳматзод ва Назрулло Раҳматуллоев маъруф бо тахаллуси Назри Яздон, бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд. Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба Ғайбулло Каримов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, Ҷамила Кенҷақулова, раиси ҷамоати Мурғоби ноҳияи Мурғоб ва Аъзамшо Шарифӣ, сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи президент ордени Дӯстӣ тақдим кардааст.
Сабоҳатхон Қосимова ва Абдусалом Раҳимзода, ҳунарпешаҳои шинохта бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардида, ба Мунаввара Додохоева, Раҳимзода Маҳмад ва Умар Тоиров унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон дода шуд. Нурулло Баротов - ҳунарпешаи фалаксаро ва ҳунарпешаи маъруфи театри русии ба номи Маяковский - Фирӯза Раҳмонова ба унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сазовор гардидаанд.
Ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ба доктори илмҳои филологӣ - Атахон Сайфуллоев ва шоири халқии Тоҷикистон - Мирзо Файзалӣ ва дар соҳаи меъморӣ ба доктори илмҳои меъморӣ - Рустам Муқимов тақдим гардидааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Таҳмина Саодатқадамова, Саидалӣ Гулов, Асадулло Шарифов, Латофат Сироҷева ва Ниёзмат Иброгимов ҳамчун олимону омӯзгорони хизматнишондода ном бурда, ба онҳо Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф додааст. Ба бархе аз олимони ҷавони тоҷик, аз ҷумла Маҳмадалӣ Қурбонов, Фариза Қурбонова, Сироҷиддин Раҷабов, Дилшод Равшанов, Некрӯз Қудратов ва Қадамҷон Сафизода ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ тақдим шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар охир ба онҳое, ки соҳиби ҷоизаву мукофт гардиданд изҳори боварӣ намудааст, ки минбаъд низ ба Тоҷикистон содиқонаю софдилона хизмат хоҳанд кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои низомии кишвар, аз ҷумла ба 7 нафар аз сохторҳои низомию амниятӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Додситонии кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рутбаҳои олии низомӣ ва махсуси генералӣ додааст.