Кумакхоҳии Обама аз аҳли суннат барои мубориза бо ДИИШ
Барак Обама – раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мубориза алайҳи ҷангҷӯёни созмони “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” аз сунниҳо кумак хостааст.
Тавре Бӣ-Бӣ-Сӣ хабар медиҳад, раиси ҷумҳури Амрико дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ҳоло ҳукумати ӯ роҳҳои мубориза бо ДИИШ-ро меомӯзад. “Тамоми харҷе, ки барои мубориза бо ин созмони террористӣ мешавад, ба хотири беҳтар гардидани суботи сиёсию иқтисодии Ироқ ва Сурия аст”,-афзудааст ӯ.
Обама дар идома нақши раҳбарон ва пешвоёни суннии минтақаро дар мубориза бо ДИИШ калидӣ хонда, изҳор доштааст, “ин ба мисли саратон аст, ҳар қадаре, ки ин мубориза барои мо аҳамият дорад, барои эшон низ ҳаст.”
Давлати исломии Ироқ ва Шом зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбараш Абӯбакр Бағдодӣ мебошад. Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард.