Таъсиси студияи муосири телевизонӣ дар Донишгоҳи Хуҷанд
Дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд студияи телевизиони муосир ба кори худ оғоз хоҳад кард. Дилбар Самадова, мудири ин кафедра, ба “Озодагон” гуфт, студияи телевизион бо ҳадафи омода кардани кадрҳои баландихтисос ва бисёрсоҳаи журналистика боз шуда, ояндаи наздик дар заминаи он кафедраи телевизион ва радио низ кушода мешавад.
Бино ба қавли ӯ, студияи телевизион бо маблағи ҳудуди 60 ҳазор сомонӣ ташкил гардида, он пурра бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад. Хонум Самадова таъсиси чунин студияи телевизиониро орзуи деринаи омӯзгорону донишҷӯёни кафедра арзёбӣ намуда, гуфт, он бо мусоидати раиси вилояти Суғд -- Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд -- Ғафур Усмонов амалӣ мегардад.
“Он маводе, ки донишҷўёни кафедра дар студия таҳия менамоянд, тариқи телевизионҳои маҳаллии «СМ-1», «Азия», «Танин» ва «СТВ» намоиш дода мешавад”,- илова кард Дилбар Самадова.